бетаҷрибагӣ — [بي تجربگي] бетаҷриба будан, надоштани таҷриба, ноозмудакорӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
хом — [خام] 1. нопухта, норасида 2. дар ҳоли табиӣ, коркарданашуда: ашёи хом, моли хом; чарми хом чарми даббоғӣ нашуда 3. беасос, ҳавоӣ, ношуданӣ: ваъдаи хом, гапҳои хом, хаёли хом 4. маҷ. бетаҷриба, корноозмуда(одам); муқоб. пухта; хом будан дар коре… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ғирр — [غرّ] а. кит 1. ҷавони ноозмудакор, бетаҷриба 2. фиребхӯранда, фиребхӯрда … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
корнодида — [کارناديده] бетаҷриба, навкор … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
нокардакор — [ناکرده کار] он ки ноозмуда ва таҷрибадор нест, корнодида, бетаҷриба … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ноогоҳ — [ناآگاه] бехабар, беиттиллоъ воқифнабуда; бетаҷриба дар коре … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ноозмуда — [ناآزموده] 1. озмуданашуда, имтиҳоннакарда: таҷҳизоти ноозмуда 2. бетаҷриба, таҷрибанадида … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ноозмудакор — [ناآزموکار] бетаҷриба, таҷрибанодида … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
нопухта — [ناپخته] 1. хом; нарасида 2. маҷ. одами бетаҷриба, ноозмудакор: ҷавони нопухта … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ношӣ — [ناشي] 1. пайдошаванда (аз чизе), сарзананда 2. кит. бетаҷриба; навкор, тозакор … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ